РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҷиҳати татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ҷаласа доир гардид

7 декабри соли ҷорӣ дар толори Академияи таҳсилоти тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки исломии Рушд ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷаласаи машваратӣ – ҳисоботии компонентҳои лоиҳаи “Татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок доштанд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст, Ҷамшед Ҷӯразода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад. Ҳамзамон таваҷҷуҳ сол то сол нисбат ба соҳа афзоиш меёбад, ки он ба рушди соҳа омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаласа масъалаҳои гуногун, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, хубтар намудани мазмуну мундариҷаи маводу китобҳои дарсӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, татбиқи муносибати босалоҳият дар раванди таълиму тарбия ва дастгирии дохилимактабии омӯзгорон мариди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, гузоришҳои президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд оид ба “Муносибат ба таҳияи маҷмӯи маводи таълимиву методӣ аз фанни математика ва забони тоҷикӣ дар доираи ислоҳоти миллии гузариш ба таҳсилоти босалоҳият», ректори Донишкадаи Такмили ихтисос ва бозомӯзиии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода оид ба “Фаъолияти гуруҳҳои корӣ ва аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон” ва дигар кормандони соҳаи маориф шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои ироагардида миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.

Дар охир, раиси ҷаласа дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии стратегия, барнома, консепсия ва нақшаву дурнамоҳои рушди маориф дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram