РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» мавриди баррасӣ қарор гирифт

6 декабри соли 2023 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия шуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

Дар ҷаласаи навбатӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат баромад намуда, иброз дошт: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ бо аҳли зиёиёни кишвар қайд менамоянд, ки миллати тоҷикро ҷаҳониён бо фарҳанги волояш мешиносанд ва ба андешаи Сарвари давлат «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст».

Фарҳанги миллӣ яке аз рукнҳои ҷудонашавандаи давлат буда, василаи асосии муаррифгари давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад».

Давлатзода Зулфия нақши лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» -ро дар иқтидори миллӣ зарурию муҳим арзёбӣ намуда, татбиқ ва корбурди онро омили эҷоди ҳуқуқи фарҳангӣ, ҳифзи мероси фарҳангию таърихӣ ва ҳимояи осори моликияти зеҳнӣ унвон карда таъкид дошт: «Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» аз 11 боб ва 70 модда иборат буда, вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг, -театр, китобхонаву осорхона, воситаҳои ахбори омма ва ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди инфраструктураи муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат хоҳад намуд».

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram