Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири эҳёи таъриху тамаддун ва воқиф гардидан аз таърихи давлатдории тоҷикон намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро манзури сокинони ноҳияи Шаҳринав гардониданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.
Аҳли ҳунари театр саҳнаҳои ҷолибу пуртаъсиреро оид ба низоми давлатдории Сомониён рӯйи саҳна овардаанд, ки хеле ҷолиб буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ нақши муассир доранд.
Тибқи иттилои масъулини ноҳияи Шаҳринав, ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро бо санъату маҳорати воло иҷро намуданд ва тамошобинон ба ҳунари баланди касбии онҳо аҳсан хонданд.
Дар фарҷоми намоиш Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ба аҳли ҳунари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро барои ҳамкории мутақобила дар татбиқи босамари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои фарҳангӣ, инчунин эҳёи фарҳанг ва таърихи тоҷикон, ташаккули маърифати маънавию фарҳангии ҷомеа, саҳми муносиб гузоштан дар чорабиниҳои муҳим бахшида ба санаҳои таърихӣ, таҷлили ҷашнҳои шахсиятҳои шинохтаи миллати тоҷик ва муттаҳидию сарҷамъии мардум дар атрофи Пешвои миллат арзи сипос намуд.
Ҳамзамон ҳунарпешагони боистеъдоди театр бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав қадрдонӣ гардиданд.