РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Таҳти унвони «Аз Пешво биомӯз дарси ватанпарастӣ» дар Донишгоҳи давлати Кӯлоб ҳамоиши илмӣ доир гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров-бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик» бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 29-солагии  таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Пешво биомӯз дарси ватанпарастӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Таъкид гардид, ки «Тоҷикон» асаре аст, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккули миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Изҳор гардид, ки аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо намудани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.

Имрӯз асари «Тоҷикон» ба китоби рӯйимизии ҳар  фарди тоҷик мубаддал гардидааст. Воқеан ҳам, ин шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар навиштани китоби «Тоҷикон» заҳмати хеле зиёде кашидааст. Маҳз ҳамин китоб бузургии миллати тоҷикро бори дигар исбот намуд. Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро барои таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Зимнан маърузачиён аз иқдоми навбатии Пешвои миллат доир ба нашри асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар оилаи мамлакат дастрас намудани он ёдрас шуда, онро барои огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон муҳим ва саривақтӣ донистанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram