Бо даъвати хабаргузории «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон як гуруҳ аз рӯзноманигорони расонаҳои Тоҷикистон барои гузаштан аз давраи омӯзишӣ ба шаҳри Теҳрон сафарбар гардиданд, ки муҳаррири варзидаи шабакаи «Фарҳанг»-и Радиои Тоҷикистон Бахтиёр Раҳмониён низ шомили дастаи мазкур аст.
Тибқи иттилои ӯ рӯзи аввал ин гуруҳи хабарнигорон аз дафтари кории хабаргузории «Форс», ки аз бонуфузтарин хабаргузориҳои кишвари Эрон мебошад, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти бисёрсамтаи агентии мазкур ошно гардиданд.
Дар ин марҳила аз 14 то 17 декабри соли 2023 давраи омӯзишии хабарнигорони Тоҷикистон дар Бошгоҳи «Тавоно»-и хабаргузории «Форс» сурат мегирад, ки он бузургтарин мактаби омода кардани расонанигорон дар Эрон маҳсуб меёбад.
Дар баробари омӯзиш рӯзноманигорони Тоҷикистон бо хабарнигорони агентии хабарии «Форс» табодули таҷриба менамоянд, ки ин давра барои рушду тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар соҳаи ВАО заминаи густурда ва мусоид фароҳам меоварад.
Дар заминаи ин давраи омӯзишӣ боздиди хабарнигорони тоҷик аз маконҳои таърихӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла китобфурӯшиҳо, осорхонаҳо, телевизион ва радиоҳо сурат гирифтаистодааст.
Вобаста ба ин чорабинии омӯзишӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо ширкати хабарнигорону аҳли адаби ду кишвар сурат гирифт, ки дар он рӯзноманигорони тоҷик вобаста ба рушди соҳаи ВАО дар Тоҷикистон суханрониҳои пурмуҳтаво анҷом доданд.
Аз бахшҳои дигари фаъолияти хабарнигорони Тоҷикистон дар ин давраи омӯзишӣ гузориш ва матолиби бештаре таҳияву нашр мешавад.