РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳунармандони Театри шаҳри Хоруғ намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро манзури сокинони ноҳияи Айнӣ гардониданд

12-уми декабри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири эҳёи таъриху тамаддун ва воқиф гардидан аз таърихи давлатдории тоҷикон намоиши «Исмоили Сомонӣ»-ро манзури сокинони ноҳияи Айнӣ гардониданд. Дар ин бора аз МИҲД-и ноҳияи Айнӣ хабар доданд.

Гулсара Зокирзода –муовини Раиси ноҳияи Айнӣ зимни баромади худ ҳунармандонро аз номи Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дар саҳнаи сиёсат муввафақ гардидан ва муаррифӣ намудани давлати тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ, рӯ ба омӯзиш ва инъикоси таърихи тамаддуни халқи тоҷик овардаанд.

Асосан, санъати театр аз ҳунарҳои зебоест, ки ҳамчун шодӣ, хушбахтии бебозгашт, хандаи дар лаб, насими форами даргузар дар қалбҳо ва ҳаяҷони ширинеро бедор мекунад. Санъаткори ҳақиқӣ бо нишон додани ҳунари асили худ таваҷҷуҳ ва ҳисси инсонро барои дарки олами ҳастӣ, моҳияти зиндагӣ ва нигоҳи нав ба табиату инсонҳо бедор месозад. Тамошобин бошад, пас аз тамошои намоиш ба саволҳои худ посух меёбад, нигоҳ ва тафаккураш тағйир ва рушд мекунад.

Дар воқеъ, аҳли ҳунари театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳнаҳои ҷолибу пуртаъсиреро оид ба фарҳангу тамаддун, сиёсат ва низоми давлатдории аҳди Сомониён рӯйи саҳна овардаанд, ки хеле ҷолиб буда, дар таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ нақши муассир доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram