12 декабри соли равон байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” Меморандум ба имзо расид. Дар ин бора аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин санадро дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ва Ма Тян, Директори генералии ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” имзо гузоштанд.
Ҳуҷҷати мазкур ҳамкориҳои фаррохи дуҷонибаро дар заминаи технологияи рақамӣ, телекоммуникатсия, алоқа ва технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаро гирифта, ба рушди шабакаҳои ва системаи алоқаи барқӣ, махсусан шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва шабакаҳои собити фарохмаҷро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидати фаъол хоҳад намуд. Ҳамзамон, дар шароити рушди зудҳангоми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, имкон медиҳад, ки операторони мобилӣ ба таҷҳизоти навтарини соҳаи алоқа дастрасии фаврӣ дошта бошанд.
Дар доираи муқаррароти ин Меморандум ҳамкорӣ ва ҷалби мутахассисони Хадамоти алоқа, операторони мобилӣ ва мутахассисони ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” дар таҳияи лоиҳаи ягона оид ба навсозӣ, рушд ва таъмини 7600 истгоҳи базавӣ ва ҷузъҳои онҳо бо стандарт GSM/UMS/LTE/ 5G барои шабакаҳои алоқаи мобилии Ҷуҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мубодила ва сафарҳои муштараки тадқиқотӣ барои омӯзиши объектҳо аз ҷумлаи муқаррароти дигари ин санад ба ҳисоб меравад.
Меморандум ҳамкориҳои гуногунҷаба миёни операторони мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Технологияи Хуавей Тоҷикистон” таҳким бахшида, мақсади асосии он амалӣ кардани Нақшаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба навсозӣ ва рушди шабакаҳои алоқаи мобилӣ дар давраи солҳои 2024 2028 мебошад.