РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ таъсис меёбад

Дар оянда Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо мақсади таъсиси Шурои осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ ҷаласаи директорони осорхонаҳои минтақа баргузор гардид.

Дар ҷаласа директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода иштирок намуд. Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии таъсиси Шурои нав, пеш аз ҳама, табодули таҷриба дар самтҳои гуногуни фаъолияти осорхонавӣ мебошад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки таъсиси шуро ба таҳия ва татбиқи самтҳои афзалиятноки соҳаи таърих, фарҳанг, санъат, осорхонаҳо, инчунин баргузории намоишҳо, конфронсҳо ва машварату симпозиумҳои муштараки илмӣ-амалӣ мусоидат менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram