РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ёддошти тафоҳум байни Минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Комиссияи неруи ҳастаии минтақаи Африқо ба имзо расид

Дар шаҳри Вена Ёддошти тафоҳум байни Минтақаи озод аз силоҳи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ ва Комиссияи неруи ҳастаии минтақаи Африқо ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар ин ниҳоди минтақавӣ раёсатро ба уҳда дорад.

Ин санадро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия Идибек Қаландар ва мудири иҷроияи Комиссияи Африқо Энобот Агборав ба имзо расониданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram