РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид

Дар шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» созишномаи грантӣ ба имзо расид. Дар ин бора аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Маблағи умумии лоиҳа 40 млн доллари амрикоиро ташкил дода,​ пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳа соли 2024 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2030 дар назар аст.

Созишномаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон хонум Шенни Кемпбелл ба имзо расониданд.

Ҳадафи лоиҳа муҳайё намудани заминаи сармояи инсонӣ барои дастгирии гузариши Тоҷикистон ба ҳосилнокии баланди меҳнат, фаъолсозии малакаҳо дар асоси Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёна, модернизатсияи таълим, беҳтар намудани муҳити омӯзиш, идоракунии мактаб, ҳамгироии таҳсил оид ба тағйирёбии иқлим ва афзоиши иштироки духтарон дар омӯзиши илмҳои технологӣ, муҳандисӣ ва математика мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram