РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд мешавад

 Аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд гардад. Дар ин хусус  имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд.

Ҳамзамон Сарвари давлат дастур доданд, ки аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ,  инчунин иловапулии онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраргардидаашон зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм,  фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ,  инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд гардад.

Инчунин аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шавад.

Ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати молия, мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати амалӣ намудани ин иқдом тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram