РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Китобҳои дипломати тоҷик дар Тошканд муаррифӣ шуданд

Китобҳои нави Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода  «Пайғоми дӯстӣ» ва  «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» дар ҳамоише, ки  бо иштироки адибон, рӯзноманигорон ва зиёиёни тоҷики муқими Узбекистон дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Тошканд баргузор гардид, муаррифӣ шуданд. Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон хабар доданд.

Китобҳои дипломати  тоҷик «Пайғоми дӯстӣ» ва  «Дипломатия, фарҳанг ва сиёсат» ба масъалаҳои равобити адабии халқҳои тоҷик ва узбек ва мавқеи дипломатияи фарҳангӣ дар шароити кунунӣ бахшида шудаанд.

Сафири  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оид ба муҳтавои китобҳояш маълумот дода, нақши Сарварони ду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёвро дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародар муҳим арзёбӣ намуд.

Сипас, адиби шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Узбекистон ва Тоҷикистон, доктори илми фалсафа Ҷаъфар Холмуъминов, доктори илми таърих Комилҷон Раҳимов, адиби шинохтаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Узбекистон Абдулло Субҳон ва дигарон  андешаҳояшонро оид ба китобҳои Абдуҷаббор Раҳмонзода  баён доштанд.

Дар  ҳамоиш ба омӯзгорону рӯзноманигорон ва санъаткорони тоҷики муқими Узбекистон, аз ҷумла Узбакбой Раҳмонов, Холбика Нурназарова, Дилмурод Қузиев, Фармон Азимов, Ҳомид Ҳомидӣ, Комилҷон Раҳимов унвонҳои «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон тақдим  гардиданд.

Ин шахсон солҳои зиёд дар соҳаи илм, маориф ва санъат хизмат намуда, подоши заҳматҳои онҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои марбутаи ҷумҳурӣ қадрдонӣ   гардид.

Дар анҷоми ҳамоиш санъакорони тоҷики вилоятҳои Қашқадарё ва Навоӣ хотири ҳозиринро бо сурудҳои ватандӯстона ва тараннумгари дӯстиву бародарӣ шод намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram