РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ густариш меёбанд

29 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар доданд.

Нахуст вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро ба бинои нави вазорат хайрамақдам гуфт.

Баъдан, Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвар Олмон дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, барои дастгириҳои пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат ба ҷониби Олмон изҳори миннатдорӣ баён намуд. Махсусан, номбурда аз ҳамкориҳои вазорат бо Бонки рушди Олмон (KfW) ва Ташкилоти ҷамъиятии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) махсус ёдовар шуд.

Мулоқот дар фазои дустӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гашта, ҷонибҳо баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳавасмандии хешро иброз доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram