РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён мулоқот намуд

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён мулоқот намуд.

Ҷонибҳо дар оғози суҳбат аз рушди ҳамкорӣ ёдовар шуда, онро ба татбиқи сиёсати созандаи Сарони ҳарду давлат марбут донистанд.

Сарвазири мамлакат имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва доир шудани форуми соҳибкорони ду давлат дар моҳи ноябр, баргузории Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикитстону Эрон оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар тадбирҳои зарурии амалишударо барои таҳкими равобити дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳим арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои Сарони давлатҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, нақлиёт, навовариҳои илмӣ ва дигар самту соҳаҳо таъкид намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram