РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2024

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Дар соли 2024 ба Озмун номинатсия нав – оҳангсозӣ-бастакорӣ ворид гардида, интизор меравад, ки ба ин восита истеъдодҳои ҷавон дар санъати касбии мусиқии миллӣ рӯйи кор меоянд.

Ба шарофати сулҳу субот ва рушди иқтисодиёти мамлакат имрӯз миллатҳои гуногун, бахусус аз давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг дар Тоҷикистон таҳсил ва кору фаъолият дошта, аз суруду мусиқии халқи тоҷик ва санъати тасвирӣ бархурдоранд. Ба ин хотир, дар Озмуни соли ҷорӣ шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ё кору фаъолият доранд, метавонанд иштирок намоянд.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони Шоҳҷоиза ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла онҳо ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, тавассути барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ муаррифӣ мегарданд. Ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмун метавонанд ба ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар ба муҳлати се сол бе супоридани имтиҳон дар гурӯҳҳои ройгон дохил шаванд.

Ҳамчунин, мувофиқи дастури бевоситаи Пешвои миллат соли 2024 барои иштирокчиёни Озмун имтиёзи махсус пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он довталабони даври ҷумҳуриявӣ (хонандагони синфҳои 9 ва 11) ба ихтисосҳои соҳаи фарҳанг ва ихтисосҳои омӯзгории равияи санъати тасвирӣ ва мусиқии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул карда мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram