Дар асоси иҷрои бандҳои 36 ва 37 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2021 – 2025, вобаста ба баргузории курсҳои омӯзишӣ барои кормандони китобхона ва осорхонаҳо дар хориҷи кишвар оид ба муосиргардонии фаъолияти китобхонаҳо, ҳайати кормандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Ибриҳимзода Қиёмиддин Мурод ва гурӯҳи масъулони китобхона ва осорхонаҳои ҷумҳурӣ, ҷиҳати иштирок дар семинари омӯзишӣ барои кормандони китобхона ва осорхонаҳо ҳамчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари хизматӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд.
Зимни сафари хизматӣ ҳайати гуруҳ аз хона — музейи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи давлатии Самарқанд, китобхонаи вилоятии Самарқанд, мавзеъҳои зебои Регистон, шаҳри Тошканд, китобхонаи миллии Тошканд ба номи Алишер Навоӣ ва осорхонаи давлатии санъати ҳунарҳои мардумии Ӯзбекистон дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки баргузорӣ ва иштирок дар чунин семинарҳои омӯзишӣ барои такмили ихтисоси кормандон ва густариши равобити хуби фарҳангӣ миёни давлатҳои дӯсту ҳамсоя заминаҳои хубу мусоид фароҳам хоҳад овард.