РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сафири Тоҷикистон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот кард

2 январи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд.

Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, афзоиш додани саҳми Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Роғун”, тармим ва бунёди шоҳроҳҳо ва дигар тарҳҳои навро муҳокима намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram