РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо иштироки устодону кормандон ҳамоиш доир шуд. Дар ин бора аз ДМТ хабар доданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолият мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Вазифаи аҳли илму маорифи мамлакат дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат мебошад.

Паём ба боз ҳам дар сатҳи баландтар ва беҳтар муаррифӣ гардидани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Яке аз нуктаҳои муҳимтарини Паём- ин, пеш аз ҳама, соҳаи иҷтимоӣ буд. Таъкид гардид, ки дар масъалаи маблағгузорӣ соҳаи иҷтимоӣ, махсусан маориф дар Тоҷикистон яке аз ҷойҳои хеле назаррасро ишғол менамояд. Ин сабаб шудааст, ки имрӯз сатҳи дониш ва сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар шуда, барои насли наврас шароити хуб муҳайё гардад.

Президенти Тоҷикистон ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид доштанд: «Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад».

Дар ин раванд бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода намудани омӯзгорон ва таҷдиди назар намудани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram