2 январи соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Шимлон ал-Баҳар доир гардид. Дар ин бора аз Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар доданд.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ, афзоиш додани саҳми Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб дар маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ва иншооти муҳимми кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаи сохтмони НБО-и “Роғун”, тармим ва бунёди шоҳроҳҳо ва дигар тарҳҳои навро муҳокима намуданд.