РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Истаравшан​ азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома дорад

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар​ шаҳри Истаравшан азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон» идома​ дорад. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Боғи фарҳангию фароғатии «Ҷавонон»​ дар маркази шаҳр ҷойгир буда, бинобар маблағгузорӣ нагардидан солҳои зиёд аз таваҷҷуҳ берун монда буд ва тамоми таҷҳизоти фароғатии он, ки истеҳсоли замони шӯравӣ мебошанд, аз кор монда буд. Боғи мазкур, ки дар кумитаи маҳаллаи ба номи Дилшоди Барнои шаҳри Истаравшан аст, пурра азнавсозӣ хоҳад шуд.​

Фармоишгари корҳои​ азнавсозию барқароркунӣ ҶДММ “Комрон-обод” мебошад.

Масоҳати боғ 2,3 гектар буда, маблағи лоиҳавии корҳои азнавсозӣ​ 3 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят ташкили ҷойҳои фароғатӣ барои мардумро зарур шуморида, барои воридсозии таҷҳизоти атраксионҳои замонавӣ тавсияҳо дод.

Дар идома роҳбари вилоят аз​ Маркази хизматрасонии «Шоҳона» боздид кард.

Маркази хизматрасонӣ​ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Замир Абдуғаффоров бунёд гардида,​ дар он тӯйхона, «Маркази ош» ва коргоҳи дўзандагӣ таъсис дода шуда, баъд аз пурра ба фаъолият оғоз намудан то 30 нафар соҳиби ҷойи корӣ​ мешаванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram