РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Бадахшон. Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳавасманд гардиданд

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ маросими қадрдонии собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз МИҲД-и ВМКБ хабар доданд.

Зикр гардид, ки ҳанӯз аз оғози солҳои аввали истиқлолият ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа дар меҳвари сиёсат ва диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, дар ин замина барои дастгирии ин қишри ҷомеа тадбирҳои муассир ва саривақтӣ андешида шуданд. Дар доираи қабул ва татбиқи як қатор барнома, консепсияю стратегия дар соҳаи сиёсати ҷавонон, дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳсил ва маърифатнок намудани онҳо чораҳои таъхирнопазир амалӣ карда шуданд.

Дар зимн, таъкид шуд, ки бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти Олии кишвар дар тамоми гӯшаву канори кишвари маҳбубамон, аз ҷумла ВМКБ иншооти варзишӣ бо тамоми сатҳу сифат сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар зарфи истиқлолият дар вилоят варзишгоҳи марказӣ ва маҷмааи варзишӣ дар шаҳри Хоруғ, варзишгоҳҳо дар марказҳои ноҳияҳои Ванҷу Роштқалъа, қасрҳои варзишӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷу Рўшон ва бештар аз 30 толору майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мавриди истифода қарор дода шуда, ин иқдом идома дода мешавад.

Ҳоло дар қаламрави ВМКБ 407 иншооти варзишӣ, аз ҷумла як маҷмааи варзишӣ, 71 толори варзиш, 307 майдончаи одии варзишӣ, 11 варзишгоҳ, 3 қасри варзишии “Вастан” фаъолият менамоянд. Дар баробари ин, дар вилоят 11 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3814 нафар варзишгар, аз ҷумла 732 духтар амал мекунанд. Бо дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 81 майдонча ва 87 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом барои рушди минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ хоҳад гузошт.

Хотиррасон шуд, ки тайи панҷ соли охир бо ибтикор ва таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” баргузор ва дар ростои ин ташаббусҳои фарҳангпарварона соли сипаригардида озмуни дигари ҷумҳуриявӣ — “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ гардида буд.

Сипас, дар фазои мутантан собиқадорони соҳаи варзиш, мураббиён, ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз тарафи Раиси вилоят бо сипоснома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотирави қадрдонӣ карда шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram