РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони замонавӣ сохта мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъат ёфта, бунёди иншооти гуногуни ҷашнӣ идома дорад. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои сохтмонии​ кӯдакистони рақами 9 ҷараён дошта,​ бинои мазкур аз 3​ ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Иншоот тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуда,​ барои қабулу таълими кӯдакон дар 16​ гуруҳ пешбинӣ гардидааст.

Фармоишгар Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва пудратчиён ҶДММ «Сайҳуни Хуҷанд» ва ҶДММ «Хушофар» мебошанд. Лоиҳаи бино бо дарназардошти талаботи соҳа омода гардида, мувофиқи он ҳар як гуруҳ дорои утоқҳои алоҳидаи хобу истироҳат, машғулиятгузаронӣ, хӯрокхурӣ, дастушӯӣ ва либосивазкунӣ хоҳад шуд. Баробари ин, толори тамошои кино, гимнастика, мусиқӣ, ошхона, утоқҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, дар саҳни он бунёди 16​ адад айвон ва ду ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон дар ин иншоот 50​ нафар сохтмончиён бо кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба масъулин ҷиҳати вусъатбахшии корҳо, то ба 100​ нафар расонидани шумораи бинокорон, истифодаи масолеҳи босифати ватанӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ ва бинокорӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сохтмони иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, мувофиқи нақша соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram