РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон Алиризо Зоконӣ мулоқот намуданд

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ мулоқот намуданд.

Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ ба ҷониби мизбон арзи сипос намуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки байни Душанбе ва Теҳрон ҳанӯз соли 1995 муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор шуда, дар ин давра байни пойтахтҳои ду давлат дар асоси эътимод ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муштарак ҳамкории судманд дар соҳаҳои алоҳида амалӣ шуд.

Теҳрон ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоративу молиявӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир дар бахшҳои мухталифи шаҳрдорӣ ба дастовард ва рушду пешрафти назаррас ноил шудааст.


Изҳори умед шуд, ки робитаҳои наздики Душанбе ва Теҳрон имкон медиҳанд ҷонибҳо бо назардошти иқтидори бузурги саноатӣ ва илмиву фарҳангии ду пойтахт ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро тақвият диҳанд.

Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноат, фарҳанг ва гуманитарӣ, инчунин табодули таҷриба дар фаъолияти шаҳрсозӣ, ободонӣ ва идораи маҷмуи инфрасохтори шаҳрҳо барои ҳарду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.

Дар фарҷоми мулоқот бо мақсади тавсеа ва таъмиқи равобити судманди байни Душанбе ва Теҳрон аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Теҳрон муҳтарам Алиризо Зоконӣ Барномаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳрдории Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки санади нави ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳо барои густариши минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбахши Душанбе ва Теҳрон заминаи муносиб фароҳам меорад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram