Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Теҳрон бо маҷмааи Бурҷи милоди Теҳрон шинос шуданд.
Иншоот дорои манораи алоқа бо баландии 435 метр аст, ки баландтарин бурҷи Эрон, шашумин бурҷи баланди мухобиротии ҷаҳон ва 24-умин сохтмони баландтарини ҷаҳон мебошад.
Бурҷи милод чун яке аз рамзҳои пойтахти Эрон ба далели баландӣ тақрибан аз ҳама гӯшаҳои шаҳри Теҳрон намоён буда, аз баландии манораи он манзараи зебои шаҳр ба назар мерасад.
Дар баландии 276 метр тарабхонаи чархзананда ва болотар аз он биноҳои асосии манора иборат аз 12 табақа ҷойгир шудаанд.
Сохтмони иншоот аз рӯи тарҳи меъмор Муҳаммадризо Ҳофизӣ дар масоҳати 62 гектар соли 1997 оғоз гардида, маҷмаа соли 2008 ифтитоҳ шудааст.