РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

10 нафар хонандаи тоҷик ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ шуданд

13 январ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бистумин Олимпиадаи ҷашнии Жаутиков (IZhO-2024) ҷамъбаст ва ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ дар соли 2024 маълум гардиданд. Дар ин бора аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар даври ниҳоии озмун аз байни 600 нафар иштирокчӣ аз 16 кишвар дар қатори дигар ғолибон номи 10 нафар хонандагони тоҷик низ садо дода, Тоҷикистон ҳамчун як кишвари пешсаф дар илмҳои дақиқ муаррифӣ гашт.

Бояд тазаккур дод, ки Олимпиадаи мазкур 20 сол боз ҳамасола аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор карда шуда, дар давоми чанд соле, ки хонадагони тоҷик дар он ширкат меварзанд, ғалабаи 10 нафар натиҷаи беназир аст.

Чунин дастовард на танҳо нуфузи низоми маорифи кишварро баланд мебардорад, балки аз иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳимми илмию маърифатии байналмилалӣ огоҳӣ медиҳад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram