Тоҷикистон бинобар ба истилоҳ интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршуда, ҷонибдории комили худро аз сиёсати «Чини воҳид» изҳор медорад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тоҷикистон бо эътирофи Тайван ба сифати ҷузъи ҷудонашавандаи қаламрави Чин, қатъиян бар зидди ҳама гуна кӯшишҳои дахолати беруна ба корҳои дохилии ин кишвари дӯст аст.