РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Рушди ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Тақвияти ҳамкории кишоварзӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сафири  Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов дар Тошканд баррасӣ  гардид, хабар медиҳад  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаро дар бахши кооператсияи саноатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон муҳокима намуданд.

Ҳамзамон мусоҳибон оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои боғпарварӣ, пиллапарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, гармхонаҳо ва омода  намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи кишоварзӣ табодули назар намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram