РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Шаҳри Кӯлоб “Шаҳри беҳтарин” дар вилояти Хатлон дониста шуд

Имрӯз, 15 январи соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.

Ҷаласаи мазкур бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон, роҳбарони бозорҳо, вакилони маҳаллаҳо, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул доир гардид.

Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб ҷаласаро оғоз намуда изҳор дошт, ки аз сабаби бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2023 шаҳри Кӯлоб дар миқёси вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 2 ҳамчун “Шаҳри беҳтарин”-и вилоят эълон гардид, ки ин ҷоизаро Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд ва ин натиҷаи фаъолияти босамари ҳар як корманд ва дар маҷмуъ мардуми созандаву бунёдкори шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram