РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд

16 январ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Президенти Комиссияи Аврупо Маргаритис Схинас мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амният, нақлиёт, иқтисоду тиҷорат ва дигар самтҳо ҳамасола таҳким ёфта, рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  афзалият дорад.

Сарвазири мамлакат кишоварзӣ, энергетика, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва саноати бофандагиро барои равнақи ҳамкорӣ муфид арзёбӣ намуд.

Муовини Президенти Комиссияи Аврупо ҳамкории кунуниро далели равнақи робитаҳо арзёбӣ намуда, ҳавасмандии ҷониби Аврупоро барои истифодаи имконияти иловагӣ ва таҳкими робитаҳо изҳор дошт.

Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои дуҷониба дар оянда изҳори омодагӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram