РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

“Тоҷикфилм” таҳти унвони “Пайравони ҳақиқат” филми мустанад ба навор мегирад

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми миллати тоҷик дар рушду пешрафти фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади “Пайравони ҳақиқат”-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузорию оҳансозии филм идома дорад. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд.

Филм бо арқому далелҳо саҳми миллати тоҷикро дар пайдоиш, рушд ва тавсеаи тамаддуни умумиҷаҳонӣ дар пардаи синамо инъикос намуда, таърих ва фарҳанги оламшумули халқи тоҷикро рӯйи сафҳаи синамо мунаққаш месозад.

Филм бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ рӯйи кор омада, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён саҳми бориз хоҳад дошт.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram