РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистону Ҷопон ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» тақвият медиҳанд

17 январи соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.  Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопонро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо аҳаммияти тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» зикр карданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram