РАДИОИ ФАРҲАНГ

16 сол дар фазои иттилоотии Ватан

«Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ чоп шуд

«Захираи Хоразмшоҳӣ» китоби олими барҷаста Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ чоп шуд.

«Захираи Хоразмшоҳӣ» асари Ҳаким Сайид Исмоили Ҷурҷонӣ дар таърихи илми тибб нахустин ва барҷастатарину муфасалтарин асари энсиклопедии тиббӣ мебошад, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ нигошта шудааст.

Дар он номи анвои бемориҳо ва дардҳо — аз мӯи сар гирифта, то нохуни по ва тарзи муолиҷаи онҳо, номи анвои доруҳо, гиёҳони тиббӣ ва хӯрокӣ, анвои ҷонварону хосияти онҳо, навъҳои меваҳо ва хӯрокҳову маъҷунҳо ва фишурдаҳову ҳалвоҳо ва ғайраву ҳоказо омадааст, ки сабаби шуҳрат ёфтани ӯ ҳамчун табиб ва ҷовидона гардидани номи ӯ дар қатори дигар донишмандони тоҷик ба монанди Абӯалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва дигарон гардидааст.

Муҳаррири масъули китоб Ҷӯрабек Назриев буда, Фарҳод Раҳимӣ (раис), Убайдулло Қурбон, Қосимшо Искандаров, Муҳаммад Абдураҳмон, Раҳматкарим Давлатов, Абдушукур Тошев, Саиднуриддин Шаҳобиддинов, Юсуф Нуралиев дар таҳрири он саҳм гузоштаанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram