Бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ва эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф» озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд» гузаронда мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.
Озмуни мазкур дар самтҳои барномасозӣ ва низоми иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир мегардад.
Дар озмун наврасон ва ҷавонони то 30 сола метавонанд иштирок карда, ихтирооти нави худро пешниҳод созанд.
Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардонда мешаванд.