РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар вилояти Суғд озмуни «Ихтироъкор­он ва навоварони ҷав­они вилоят» баргузор мешавад

Бо мақсади рушду инк­ишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву наво­варӣ, дарёфти истеъд­одҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъм­ини минбаъдаи пешраф­ти иҷтимоиёт ва иқти­содиёти вилоят, ҳамч­унин тавсеаи тафакку­ри техникии насли на­врас ва эълон гардид­ани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиа­тшиносӣ, дақиқ ва ри­ёзӣ дар соҳаи маориф» озмуни «Ихтироъкор­он ва навоварони ҷав­они вилояти Суғд» гу­заронда мешавад. Дар ин бора аз МИҲД-и вилояти Суғд хабар доданд.

Озмуни мазкур дар са­мтҳои барномасозӣ ва низоми иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, со­хтмон, экология, гео­логия, энергияи барқ­ароршаванда, таҷҳизо­ти мошинсозӣ, маркше­йдерӣ, металлургия, куҳкорӣ, техникаю те­хнология ва илмҳои табиатшиносӣ доир мег­ардад.

Дар озмун наврасон ва ҷавонони то 30 сола метавонанд иштирок карда, ихтирооти на­ви худро пешниҳод со­занд.

Ғолибони озмун бо му­кофотҳои пулии мақом­оти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят са­рфароз гардонда меша­ванд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram