18 январи соли 2024 дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Тавассути густариши муколамаи фарҳангҳо, дӯстӣ ва ҳамкориро дар “оилаи СҲШ” таҳким мебахшем» чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки он фаъолияти Марказро дар соли 2023 натиҷагирӣ намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабиниро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва дабири кулли СҲШ Чжан Мин (тариқи видеоӣ) бо суханронии ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшиданд. Дар рафти маърака, ҳамчунин муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, ректори Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, и.в. ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода, собиқ дабири кулли СҲШ профессор Рашид Алимов, инчунин сафирони давлатҳои «оилаи СҲШ» дар Тоҷикистон сухан гуфтанд.
Барномаи фарҳангии “Даҳ нотаи муъҷизавӣ” бо иштироки ҷавонони соҳибистеъдоди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахши меҳварии чорабинӣ буд.
Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 таъсис ёфтааст, дар марҳилаи кӯтоҳи фаъолияташ барномаи фарогирро татбиқ намуда, зиёда аз бист чорабинии мавзуӣ — конференсиву мизҳои мудаввар бо иштироки ходимони аршади давлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ баргузор намуд.
Чорабинии тантанавии баргузоршуда ҷиҳати таблиғи мероси ғании таърихию фарҳангии давлатҳои аъзои СҲШ мусоидат намуд.