РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон вобаста ба эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шуд

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид. Дар ин бора аз вазорати мазкур хабар доданд.

Кумитаи тадорукот вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 таъсис дода шуда, фаъолияти он ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, равона шудааст.

Зимни ҷаласаи кумита масъалаҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва вазифагузорӣ ба сохторҳои дахлдори Вазорати адлия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram