РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот намуданд

21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Шӯрои мудирони ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мазкурро барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни давлатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди иқтисоди «сабз» «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023 – 2037»-ро қабул намудааст.

Дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли неруи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омӯхта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкорӣ байни давлатҳо саҳми босазо гузорад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуоти мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ намуданд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram