РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро дар таҳияи Ҳисобот оид ба иқлим ва рушд дар Тоҷикистон оғоз намуданд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамкориро дар таҳияи Ҳисобот оид ба иқлим ва рушд дар Тоҷикистон (CCDR) оғоз намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳисоботи мазкур, ки то моҳи июли соли 2024 ба нақша гирифта шудааст, ҳадафаш арзебии осебпазирии мамлакат ба тағиребии иқлим, пешниҳоди стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ, коҳиш ва гузоштани замина барои ташаббусҳои рушди устувор мебошад.

Дар доираи раванди таҳияи Ҳисобот аз 15 то 19 январи соли 2024 аввалин машваратҳои ҳукуматӣ баргузор шуданд. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ бо масъулини вазорату идораҳои марбутаи соҳавии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист мулоқот намуда, масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таҳияи CCDR таҳқиқоти ҳамаҷониба, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, раванди машварат ва иштирокро дар бар мегирад. Ин раванд ҳамкории васеъро бо ҷонибҳои манфиатдори ҳукумат, аз ҷумла ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд барои таъмини ҳуҷҷати ҳамаҷониба ва фарогир талаб менамояд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram