РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ҶАШНИ САДА ВА РАМЗҲОИ ОН ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБӢ

Сада — номи ҷашни бузурги ориёиҳо ва пайвандони ин шаҷара, хусусан, эронитаборҳо аз ҷумла худи мо-тоҷикон мебошад, ки бинобар иттилооти шабакаҳои интернетӣ ва баъзе кутуби таърихӣ, илмӣ ва бадеӣ-таърихӣ, қариб то охирҳои асри XII милодӣ гузаштагонамон ҷашн мегирифтаанд.

Оид ба таърихи ин ид ва чӣ гуна ҷашн гирифтани он бузургон, аз қабили А. Фирдавсӣ, А. Берунӣ, У. Хайём А. Байҳақӣ, М. Ғиёсиддин андешаҳои бузурги илмиро баён доштаанд.

Дар осори адибони форсу тоҷик, ки аз устод Рӯдакӣ то ба имрӯз, ҳарчанд мавзӯи мавриди назар дар эҷоди баъзе аз шуаро чун талмеҳ ё маҷозу ишорае истифода шуда бошад ҳам, муҳим ин аст, ки метавон аз ҳақиқати ин боварии мардумӣ огоҳ шуд ва аз осори гузаштагон ва муосирон дар мавридаш намуна овард.

Маълумоти Абусаъид Абдулҳайи Гардезӣ ҳам ҷолиб буда, ин идро дар боби «Андар идҳо ва расмҳои муғон ба ҷадвал» зикр кардааст. Ба ақидаи ин таърихнигор: «Чунин гӯянд муғон, ки андар ин рӯз сад мардум тамом шуда буд аз насли Мешӣ ва Мешона ва эшон ду мардуми нахустин буванд, чунонки мусалмонон гӯянд Одам ва Ҳаво, муғонро ин ду тан буданд…». Пас аз зикри ин ҷумла, оид ба панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб мондан то ба Наврӯзро зикр карда, сабаби дар ин шаб оташ афрӯхтанро ҳамоно ба ғалабаи Фаридун ва натиҷаи хидмати Армойил (гоҳо Армаил ва ё Измоил ҳам гӯянд-Х.М), ки «сад мардум»-ро аз куштан ба хотири туъмаи морони Заҳҳок, озод карда буд, овардааст: «Ва Армойил бифармуд, то он мардумони мутанаккир ҳар касе оташе ҷудогона бияфрӯхтанд. Пас сад оташ бияфрӯхтанд, чунонки ҳамаро Афридун бидид».

Бояд тазаккур дод ки, дар ин маълумоти А. Гардезӣ, то ҳадде вожаи «сада» иртиботи ногусастанӣ дорад ба «миқдори расидани насли одамӣ ба сад нафар ва сад нафари озодкардагони Армойил» ва «сад шабонарӯз мондан то ба Наврӯз». Яъне, муаллиф кӯшидааст, то ҳар воқеаро бо рақами «сад» вобаста кунад. Бо муқоисаи ин маълумоти А. Гардезӣ бо А. Берунӣ ва У. Хайём ба ин натиҷа мерасем, ки пас аз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок ҳамин ҷашни Сада боқӣ мондааст ва сабаби дар ин ҷашн оташафрӯзӣ ҳамон суннати озодкардагони Измоил мебошад, ки тавассути оташафрӯзӣ ҷон ба саломат бурдани худро ба Фаридун нишон додаанд.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ оид ба ин ҷашн боби алоҳида бо номи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» мебошад. Фирдавсӣ таърихи ин ҷашнро ба рӯзи ҳосилу кашфи оташ, ки дар натиҷаи партоб кардани Ҳушанг сангеро ба сӯйи мори сиёҳ, ки падидор шуд ва мардум тарзи коркарди оташро омӯхтанд, пас ин ҳосилро бузург доштанду ҷашн гирифтанд, вобаста мебошад:

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Хуллас, дар бораи ин ҷашни бостонӣ маълумот зиёд аст. Мо ҳоло ба ин натиҷа расидем, ки яке аз сабабҳои аслии ҷашн намудор шудани Хуршед (Офтоб), ки тамоми пешрафти зиндагӣ, шукуфоӣ, ризқу рӯзӣ, чорводорӣ ва кишту кори одамон марбути ҳамин гармии Хуршед буд ва ҳаст. Сада иди Хуршеди чилрӯзаест, ки дар шаби Ялдо тавлид шуда буд ва нишону умед бар наздик мондани соли нав — Наврӯз ва айёми кишту кори баҳорӣ мебошад.

Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.

Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.

Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст:

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.

Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22 марти тақвими мелодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябри тақвими мелодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 марти тақвими мелодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.

Вожаи Сада

Сада дар забони авастоӣ ба маънои «баромадан ва тулуъ кардан»-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад).

Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки:

«Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан, вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба „ҳо“-и ғайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи „гоф“ ё „коф“ тамом мешуда. Ҳамчунин ҳарфи „т“ дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба „д“ ва дар арабӣ ба „зол“ табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авесто ба ҳар ҳол вожаи сата [sata] ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ Сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад».

— Ризо Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ.99.

Ойинҳо

Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегирад. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст:

Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрухтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар бомӣ хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишороте торих, ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо барпойи як оташе бузург баргузор мешуда аст. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушорекат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст.

Аз шаби таваллуди Хуршед, пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб, ниёкони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни «масленница», роиҷ аст.

Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.

Сада дар гузаштаи тоҷикон

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он — гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.

Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.

Метавон бо таваҷҷуҳ ба сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва муҳтавои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шарҳу тавсифи ҷашни Сада ҳамин ҷанбаи асливу асосии он, яъне ободонӣ, тамаддунофаринӣ ва рушду ривоҷи ҳунарҳои саноатӣ, рӯшангарӣ ва кишоварзиву чорводориро аслу асос қарор дод.

Хуллас, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, соҳибихтиёр гардидани миллати тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чанд сол боз ин ҷашни таърихӣ низ таҷлил мегардад, ки ин гуна иқдомҳои накӯ, боиси эҳёи оину суннатҳои ниёгон гардида истодааст.

Э.У. Шарофов,

мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram