РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия вохӯрии директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо бо директори генералии Осорхонаи давлатии таърихи сиёсии Россия Рибаков С.Е. баргузор гардид. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои равобити касбии осорхонаҳо дар самти ташкили бозомӯзии кормандон, ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, масъалаҳои баҳисобгирии фондӣ, таҳияи феҳристҳо ва ташкили намоишҳои муштарак баррасӣ гардиданд.

Боиси ёддошт аст, ки ташкили намоиши «Саҳми халқи тоҷик дар мудофиа ва озоднамоии шаҳри Ленинград аз муҳосираи фашизм» оғози муносибатҳои густурдаи миёни осорхонаҳои ду кишвар ба ҳисоб рафта, дар оянда рушду нумуи тоза касб хоҳад намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram