РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Душанбе ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи мустаҳкамнамоии ҳифзи иҷтимоӣ ва интегратсияи иқтисодӣ баррасӣ шуд

Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи мустаҳкамнамоии ҳифзи иҷтимоӣ ва интегратсияи иқтисодӣ мулоқот кард

26 январи соли 2024 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи мустаҳкамнамоии ҳифзи иҷтимоӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҷараёни татбиқи доираи Лоиҳаи мустаҳкамнамоии ҳифзи иҷтимоӣ ва интегратсияи иқтисодӣ дар кишвар мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри густариши ҳамкориҳои дуҷониба иброз доштанд.

Гуфта шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики баэътимоди стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо дастгирии бонки мазкур дар кишвар як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ татбиқ шуда истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки айни ҳол амалисозии лоиҳаҳои амалкунандаи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо муваффақият идома доранд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram