РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардид

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев  мулоқот намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Федератсияи Русия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Сафарҳои Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва ҳамин тавр намояндагони расмии сатҳи олии ду давлат ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки «муносиботи парлумонҳои ҳарду мамлакат тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои мамлакатҳои мо амалӣ мешавад, ки ҷиҳати тақвияти ҳарчи бештари мақомҳои олии қонунгузори мамлакатҳои мо кумак менамоянд».

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба паҳлуҳои дигари ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия изҳори назар шуд.

Дар интиҳои мулоқот Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев  ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Ордени  «Дӯстии халқҳо»-ро тақдим намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram