РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Бухоро созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

30 -юми январи соли 2023 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бухоро (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба таври маҷозӣ созишномаи ҳамкорӣ баста шуд. Созишномаи ҳамкорӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ профессор Ибодуллозода Аҳлиддин ва ректори Донишгоҳи давлатии Бухоро профессор Ҳамидов Обидҷон Ҳафизович дар шакли маҷозӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.

Акнун дар асоси созишномаи мазкур рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фарогирии донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолиятҳои муҳими илмӣ-фарҳангӣ, ки ба манфиатҳои ҷонибҳо мебошад роҳандозӣ карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 109 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram