РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар Вазорати маориф ва илм масъалаи тарҷумаи китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд

31 январи соли равон ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот ва муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд. Дар ин бора аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот нахуст иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Р. Пиракзода доир ба адабиёти таълимиву методии барои баррасӣ пешниҳодгардида гузориш дод.

Дар умум дастхати 21 номгӯй адабиёти таълимӣ барои зинаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки аз ин шумора ду номгӯй барои такмил ва коркард ба муаллифон бозпас гардонида шуд.

Вобаста ба масъалаи мавриди назар аз ҷониби раиси ҷаласа ба роҳбарони муассисаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ҷиҳати арзёбӣ намудани мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимӣ ва муайян кардани тартиби пешниҳод ва баррасии китобҳои дарсии аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пешниҳодшаванда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Сипас вобаста ба масъалаи тарҷума ва нашри китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони русӣ) М. Саломиён, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони узбекӣ) Б. Нодиров, иҷрокунандаи вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони қирғизӣ) Р. Пиракзода ва директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забони туркманӣ) А. Наҷмиддиниён ҳисобот доданд.

Зикр карда шуд, ки сарфи назар аз корҳои анҷомшуда дар ин самт, ҳанӯз дар масъалаи вазъи тарҷумаи китобҳои дарсӣ баъзе мушкилот низ вуҷуд дорад.

Вобаста ба масъалаи мавриди назар ба роҳбарони муассисаҳои масъули тарҷумаи китобҳои дарсӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дастур дода шуд, ки тарҷумаи теъдоди боқимондаи китобҳоро дар муҳлати кӯтоҳтарин ба анҷом расонида, барои таҳрир ва тасҳеҳ ба Муассисаи нашриявии «Маориф» пешниҳод намоянд. Инчунин, ба роҳбарияти Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дастур дода шуд, ки вобаста ба пардохти ҳаққи қалами тарҷумонҳо ва муаллифони китобҳои дарсии тарҷумашаванда ва таъсиси гурӯҳи корӣ барои тарҷумаи китобҳои дарсӣ бо забонҳои русӣ, узбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ дар давоми ду моҳ чораандешӣ намоянд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram