РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Иди Сада дар вилояти Суғд бо шукуҳи хоса таҷлил шуд​

31 январ дар вилояти Суғд Иди Сада ҷашн гирифта шуда, ярмарка-фурӯши ниҳол, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, кӯчату тухмии гулу зироат ва дигар маҳсулот баргузор гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар идгоҳ, ки назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ интихоб гардида буд, дар хаймаҳо аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин, Сарраёсати кишоварзӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳти зист, Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, Иттифоқи ҷамъиятҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар ташкилоту идораҳо маҳсулоти нонию қаннодӣ, таомҳои миллӣ, маҳсулотии дастии ҳунармандон, кандакорону оҳангарон, сӯзанидӯзону тарроҳон ба намоиш гузошта шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз хаймаҳои идона боздид кард ва сипас иштирокдорони чорабинӣ ва тамоми мардуми шарифи вилоятро ба муносибати фарорасии ҷашни суннатии мардуми тоҷик–Иди Cада, ки таърихи хеле куҳан дошта, имрўзҳо ​ бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ташаббусҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё гардид, табрик гуфт ва зиндагонии хушу хуррам, дастархони пур аз нозу неъмат ва ободию осоиши рўзгорро таманно намуд.

Қайд карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арзишу аҳамияти фарҳанг ва суннатҳои неки гузаштагон дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум барҳақ таъкид намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврўз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».

Тазаккур дода шуд, ки дар вилоят дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар соҳаи кишоварзӣ рушд карда истодааст. Аз ҷумла, соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 18 миллиарду 495,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2022-ум 2 миллиарду 426,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ташкили саривақтии кор ва заҳмати шабонарўзии марди деҳқон буд, ки соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли номгўи асосии маҳсулот, аз ҷумла ғалладона 409,8 ҳазор тонна, картошка ба 600 ҳазор тонна, сабзавот 649,1 ҳазор тонна, полезӣ 221,8 ҳазор тонна, мева 222,5 ҳазор тонна, ангур 53 ҳазор тонна, гўшт 85,8 ҳазор тонна, аз он гўшти паранда 21,4 ҳазор тонна, шир 293,4 ҳазор тонна, асал 1577 тонна, моҳӣ 1002 тонна ва тухм ба 766 миллиону 792 ҳазор донаро ташкил дод, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса нисбати соли 2022-ум зиёд мебошад.​

Раиси вилоят илова намуд, ки мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми “чиллаи калон” рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармо ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст. Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада низ моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафаро вусъат бахшем.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониву мулоқотҳои хеш масъалаҳои бунёди боғу токзорҳо, шинонидани гулҳо ва равнақи корҳои созандаву ободкориро талқин менамоянд, ки маҷмўи ин иқдомот ҳамчун мероси бузурги маънавиву ахлоқии гузаштагони бунёдкори мо, пеш аз ҳама ба хуррамиву ободии Тоҷикистони азизамон равона шудааст.​

Мо, мардуми шарафманди вилоят дар идомаи ин тадбирҳои созанда кўшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободониву шукуфоии ин пораи хоки муқаддаси Ватан — сарзамини Суғди бостонӣ иқдом менамоем, то, ки тамоми сол мардум аз баракоти сериву пурӣ ва ҳосили фаровон ​ баҳравар бошанд,- иброз дошт Раиси вилоят.

Бояд таъкид кард, ки дар ярмарка ниҳолҳои гуногун, дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ, гулу гулбуттаҳои ороишӣ пешниҳоди сокинон гардонда шуда, дар охир намоянда

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram