РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 87-уми Кумитаи СММ оид ба рафъи табъиз нисбат ба занон иштирок намуд

31-уми январи соли 2024-ум дар иҷлосияи 87-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рафъи табъиз нисбати занон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария гузориши ҳафтуми миллии Тоҷикистон оид ба амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ҳимоя карда шуд. Дар ин бора аз ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд.

Зимни баррасии гузориши Тоҷикистон, Кумитаи СММ оид ба рафъи табъиз нисбати занон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» — ро мусбат пазироӣ намуд.

Аз ҷониби намояндагони Тоҷикистон посухҳои дахлдор, маълумоти муфассал доир ба пешрафт, навоварӣ ва ислоҳот, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амалинамоии муқаррароти Конвенсияи байналмилалӣ оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон ба даст омаданд, пешниҳод карда шуд.

Махсусан, зикр шуд, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2023-юм муассир будани нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ таъкид гардид.

Ҳамчунин ба иттилои намояндагони Кумитаи СММ расонида шуд, ки соли 2016 дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки мақсади он расидан ба ҳадафҳои рушди устувори башарият мебошад. Дар асоси ин, комилан барҳам додани камбизоатӣ, иваз намудани шаклҳои ноустувор ва такмили шаклҳои устувори истеъмолу истеҳсолот, инчунин ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ вазифаи асосӣ ва шартҳои хаётан муҳимми рушди устувори инсоният ба ҳисоб меравад. Бо мақсади таъмин ва амалинамоии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар доираи марҳилаи аввал Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 бомуваффақият амалӣ гардид ва дар айни ҳол дар доираи марҳилаи дуюм Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ шуда истодааст.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон механизми пешниҳод ва ҳимояи гузоришҳои миллӣ вобаста ба иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро воситаи муҳимми назорати байналмилалии риояи ҳуқуқи инсон мешуморад ва бори дигар содиқ будани худро ба ин тартиб тасдиқ мекунад. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мунтазам андешидани чораҳои амалӣ ва таъсирбахш уҳдадориҳои байналмилалии худро софдилона иҷро менамояд.

Кумитаи СММ оид ба рафъи табъиз нисбати занон посухҳои ҳайати Тоҷикистонро роҷеъ ба саволҳо, пешниҳод ва омодасозии иттилоот мусбат арзёбӣ намуд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram