РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Паёми Президент ба сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шарҳу тавзеҳ дода шуд

Имрӯз бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар вохӯрӣ бо иштироки Шоҳмурод Рустам — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Сино №4, Мирзозода Иброҳим Холмурод — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Заррина Файзулло — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Гурназарзода Жило Бурӣ — Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Дар вохӯрии мазкур вобаста ба боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан, дар бораи ҳисси ватандӯстии ҷавонон, дар бораи одоби шаҳрнишинӣ, дар бораи пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба гуруҳҳои ифротӣ, дар бораи эълон гаштани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва моҳияти он, инчунин дигар нуктаҳои Паём мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор доштанд.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram