4-5 феврали соли 2024 бо даъвати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жеенбек Кулубаев ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ меояд.
Дар рафти сафар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст. Ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мубрами дуҷонибаро баррасӣ менамоянд.
Инчунин дар назар аст, ки Ж.Кулубаевро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур мепазиранд.