РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

157 ёдгории таърихии вилояти Хатлон дорои сертификат мебошанд

Зимни нишасти хабари сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Мустафои Ватан доир ба фаъолияти соҳаи фарҳанг дар соли 2023 дар назди намояндагони ВАО гузориш дод, хабар медиҳад рӯзномаи «Хатлон»

Ба иттилои сардори Раёсат, дар давоми соли 2023 барои таъмиру азнавсозии китобхонаҳои ҳудуди вилоят аз ҳисоби буҷети мақомотҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ зиёда аз 163 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша зиёда аз 412 ҳазор сомонӣ сарф гардида шудааст.

-Дар вилояти Хатлон 933 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 157 ададаш бо сертификати ҳуқуқи истифодабарандагони замин таъмин мебошад. Мутахассисон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор доир ба сертификаткунонии дигар ёдгориҳои таърихӣ корбарӣ намуда истодаанд, — гуфт М.Ватан.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram