РАДИОИ ФАРҲАНГ

15 сол дар фазои иттилоотии Ватан

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишти картошкаи барвақтӣ ҷараён дорад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи кишти барвақтии картошка иштирок намуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ба роҳбари вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 24 ҳазору 281 гектар замини корам мавҷуд буда, деҳқонони ноҳия нақша доранд, ки соли равон дар майдони 19748 гектар кишти баҳориро анҷом диҳанд.

Роҳабри вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи мақсадноку оқилонаи замин барои рӯёнидани ҳосили баланд, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таъмини киштзор бо оби полезӣ, риояи ҳатмии структураи кишт, гирифтани ду — се ҳосил аз як замин маслиҳатҳои муфид дод.​

Таъкид гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳатман қоидаҳои агротехникӣ риоя гардида, дар муҳлатҳои оптималӣ кишти баҳорӣ анҷом дода шавад. Зеро бино ба андешаи мутахассисони соҳа кишти картошкаи барвақтӣ дар иқлими вилояти Суғд асосан дар моҳи феврал анҷом дода мешавад. ​

Дар ноҳия соли ҷорӣ дар майдони 250 гектар кишти картошкаи барвақтӣ ба нақша гирифта шуда, деҳқонон ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланд ҷаҳду талош меварзанд. Дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони 50 гектар ба нақша гирифта шуда, бо ин мақсад тухмии хушсифат захира гардидааст. Маҳз истифодаи мақсадноку оқилонаи заминҳо боиси фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мегардад.

Дар Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳия Раиси вилоят собиқадори меҳнат Зебохон Ҳусеноваро, ки ба синни 93 расидааст, аёдат намуд.

Ӯ тамоми умри бобаракати хешро баҳри пешрафти давлат бахшидаву солиёни зиёд дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият бурдааст. Саҳми ӯ дар рушди соҳа, истифода ва омӯзиши усулҳои пешқадам ва тарбияи шогирдон назаррас мебошад.

Please follow and like us:
Pin Share

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

YouTube
Telegram